Мулоқоти бахши иқтисодӣ бо намояндагии ХБА

Бойгонии ахбор
01.09.2016

Мулоқоти бахши иқтисодӣ бо намояндагии ХБА

Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки аз 22-юми август то 31-уми августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дод.

Аз ҷумла, рӯзҳои 29-31-уми августи соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони аввали сохторҳои бахши иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии муовини роҳбари идораи Департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Пол Росс мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, низоми монетариву фискалӣ, таҳияи лоиҳаи барномаи механизми васеи қарздиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Зимни муҳокимаву баррасии лоиҳаи барнома қайд гардид, ки ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ба мувофиқа расидаанд.

Роҳбари Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс дар анҷоми мулоқот изҳор дошт, ки натиҷаҳои барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон назаррас буда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт Хазинаи Байналмилалии Асъор пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати омода намудани барнома дар муҳлати кутоҳтарин мавриди баррасӣ қарор медиҳад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку