Қадрдонии кормандони низоми бонкӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Бойгонии ахбор
07.09.2016

Қадрдонии кормандони низоми бонкӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

6 сентябри соли равон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи идона – бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандони бонкро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик намуд.

IMG_1529.JPG


Зимни суханронии худ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз дастовардҳои низоми бонкии мамлакат дар давоми солҳои истиқлолият, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки “ҳар як шаҳрванди кишвар бо дарки эҳсоси ватандорӣ ва худшиносӣ бояд аз рӯзи истиқлолияти давлатӣ ифтихор намуда, барои нигаҳдории сулҳу ваҳдат ва рушди кишвари азизамон саҳмдор бошад”.

IMG_1534.JPG

Дар идомаи маҷлис, ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кормандони фаъоли Бонки миллӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва фармони Раиси бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо нишони сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

IMG_1536.JPG

Аз ҷумла, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти БМТ Султонов М.Б., сардори шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ Сафарова Р.С. ва сардори шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Қурғонтеппа Усмонов М.Ш. барои собиқаи бардавоми корӣ ва саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” ва хизматчиёни дигари Бонки миллӣ Лафизов Н., Мирзоев У., Раҷабов Ҳ., Рамихудоева З., Ёқубов М. ва Салимова Т. барои фаъолияти пурсамар дар низоми бонкӣ бо Ифтихорномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гаштанд.

IMG_1541.JPG

Дар хотимаи маҷлис, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар иштирокдорони ҷаласаро бо ин ҷашни фирӯз табрику таҳният намуда, дар баробари ба фаъолияти хизматиашон комёбиву бурдбориҳо хостан, аз ҳар кадом даъват намуд, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона дар рушди нумуи Ватани азизамон доимо саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку