Имрӯз, 20 сентябри соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҷаноби В.П.Нечаевро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти мазкур дар доираи барномаи семинарҳои Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо изҳор доштанд, ки семинарҳои мазкур барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ бо мақсади муттаҳид намудани кушишҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва амалҳои муштарак дар ҷодаи идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ва маблағгузории терроризм мусоидат хоҳад кард.
Шоистаи зикр аст, ки семинари ГАО дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 сентябр барои намояндагони воҳиду сохторҳои давлатӣ ва рӯзи 22 сентябр барои намояндагони бахши хусусии кишвар дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ