Дирӯз, 22 сентябри соли равон дар доираи иҷрои барномаи муштарак дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳои ҶТ, Ассотсиатсияи аудиторони ҶТ, Иттифоқи адвокатони ҶТ, мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо), ширкатҳои суғуртакунанда ва ширкатҳои аудиторӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинар мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди нақши бахши хусусӣ ҳангоми баҳодиҳии тарафайн, мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ ва дарки хавфу хатар ҳангоми баҳодиҳии тарафайн маълумот пешниҳод намуданд.
Иштирокдорони семинар дар навбати худ оид ба тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳояшон суханронӣ карда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан, изҳори боварӣ карда шуд, ки чорабинии мазкур дар пешбурди фаъолияти низоми бонкии мамлакат, ташакули равобити хуби корӣ бо Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Тавре пештар хабар дода будем, семинари мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардида, тӯли се рӯз ҳайати котиботи Гурӯҳи Авросиё мутахассисони сохтору идораҳои дахлдори давлатӣ ва ташкилоту ассотсиатсияҳои тиҷоративу ҷамъиятиро бо тартиби баҳодиҳии тарафайн дар хусуси муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шинос намуда, ба иштирокдорони семинарҳо бо овардани мисолҳо аз таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ