Бисту ҳаштуми сентябри соли равон бо иштироки сардорони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси бонк Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ва ҳайати намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба маблағгузории хурд дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти дуюми қарздории хоҷагиҳо дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC)-ро дар ин чорабинӣ Колин Массеник, мудири барномаи маблағгузории хурд, Рой Пратт, коршиноси калони масоили қарзҳои истеъмолӣ, Малика Иброҳимова, корманди барномавӣ оид ба иқтисодиёт ва Луиза Мамарасулова корманди лоиҳаи IFC муаррифӣ намуданд.
Чорабиниро нахуст муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ҳусни ифтитоҳ бахшида, таваҷҷуҳи иштирокдорони мизи мудавварро ба мувофиқи мақсад гузаронидани таҳлилҳои муқоисавӣ байни тадқиқотҳои солҳои 2014 -2016 ва як қатор масъалаҳои муҳими ҳалталаби имрӯзаи кишвар дар низоми бонкӣ ҷалб намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки тарафҳо тавассути муколама ва баҳс дар мизи мудаввар метавонанд бо маълумот ва таҷрибаи якдигар ошно гашта, тавассути истифодаи пешниҳодҳои созанда дар оянда ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур натиҷагирии ҳолати аслӣ ва имрӯзаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба қарздории хоҷагиҳо, муҳокимаи масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта ва баррасии пешниҳодҳо вобаста ба самаранок намудани механизми корбарӣ буда, хулосаҳои дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо ба даст овардашуда, заминаи хуби назариявӣ барои таҳияи барномаҳо дар оянда хоҳанд шуд.
Иштирокдорони мизи мудаввар инчунин оид ба паҳлуҳои гуногуни баргузории назарсанҷӣ дар мавзӯи “Самти устуворгардонии вазъ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаҳои худро иброз дошта, пешниҳодҳои худро дар мавриди муайян намудани таносуби уҳдадории қарзҳо, даромадҳо ва дигар хароҷоти хоҷагиҳо, миқдори пардохти қарзҳо, таъсири хавфҳои асъорӣ, эътимоди қарзгирандагон ба фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ баён намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ