Имрӯз, 6-уми октябри соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Султонов Мирзоҳасан Баротовович ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро аз номи худ ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният ва дар фаъолияти ҳамарӯзаашон комёбиҳо таманно намуд. Зимни суханронӣ Мирзоҳасан Султонов изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
- Суханҳои Сарвари давлат “Забони миллат – шиносномаи миллат аст. Ва ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад” ҳар як фарди ватандӯстро вазифадор мекунад, ки дар назди худ марому мақсади арҷ гузоштан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатиро аз вазифаҳои аввалиндараҷа қарор диҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият ба мақому мартабаи забони давлатӣ дар кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳои худ муҳиммияти омӯзиши забони давлатӣ, гиромӣ доштани он ва дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо аз олудашавиву нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан забони тоҷикиро пайваста таъкид мекунанд. Ин таъкидҳо мо ва наслҳои ояндаро вазифадор мекунад, ки ба фарҳангу маданият ва асолати забони худ арҷ гузорем ва онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем. Тӯли зиёда аз ҳазор сол миллати тоҷик маҳз бо забони суфтаву зебо ва шоиронаи худ зинда мондааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ин забон бо чунин шевоӣ ва зебоӣ, чун ҳифзи асолат ва ҳуввияти миллӣ, вазифа ва ифтихори доимии ҳар кадоми мо ба ҳисоб меравад, - қайд намуд Мирзоҳасан Султонов.
Сипас, Саодатшо Матробиён - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», одоби муошират, истифодаи истилоҳоти соҳавӣ андешаҳои худро баён намуд. Аз ҷумла, номбурда чунин гуфт:
- Забон рукни асосии давлатдории ҳар миллат буда, мақому манзалат ва таъсири он дар ҷомеа ба ақлу хирад ва маърифати мардуми соҳибзабон вобаста аст. Забони тоҷикӣ, ки сарнавишти беш аз ҳазорсола дорад, дар масири таърих борҳо ба шикасту хиёнатҳо дучор гаштааст, вале хушбахтона бо паси сар намудани тамоми имтиҳону озмоишҳои таърих тозагии худро нигоҳ доштааст. Истиқлолияти давлатӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба густаришу рушди фарҳанг ва маънавиёт, сайқал бахшидани забони адабӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз тамоми коргузориву муошират дар идораҳои давлатӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, омўхтани забони давлатӣ, бахусус, имлои забони тоҷикӣ дар кулли идораҳо барои ҳар як фард талабу тақозои замон гаштааст.
Дар хотима, иштирокдорони дигари ҷамъомад низ аз аҳамияти рушду такомули забони давлатӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба он суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки забони адабии тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар тафовут аз забони омиёна ҳамеша омили муттаҳидкунанда ва ваҳдати давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ