Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни сафари хидматӣ, ҳафтуми октябри соли равон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, дар ҷаласаи умумии солонаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА мегузарад, ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа Президенти Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Ҷим Йонг Ким ва Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристин Лагард суханронӣ намуда, ба иштирокдорони ҷаласа оид ба масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дурнамо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиёт ва самтҳои самаранок намудани кӯмакҳои молиявӣ маълумот ва пешниҳодҳои худро манзур карданд.
Қобили қайд аст, ки ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор 7-уми октябр оғоз гашта, то 11-уми октябри соли равон идома меёбад. Дар доираи барномаи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор инчунин баргузории брифингҳои минтақавӣ, нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва низоми ҷаҳонии молиявӣ дар назар гирифта шудааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ