Нимаи аввали рӯзи 7 октябри соли 2016 ҷаласаи нахустини Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон бо иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Умед Латифов – ҷонишини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Салим – сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ва Илҳом Раҷабов – намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, баргузор гардид.
Ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар ин чорабинии расмӣ Директори бахши робита бо ҷомеа ва рушди тиҷорати байналхалқии ширкати AGCO, Роҳбари Шӯро Филлип Де Леон, ёвари намояндаи тиҷоратии ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ Майкл Делани, мудири калони тиҷорати байналхалқӣ ва сармоягузории ширкати “Ҷенерал Электрикс”, ноиби Президенти Шӯро Орит Френкел, намояндагони Департаменти давлатии ИМА, Вазорати савдо, Департаменти кишоварзӣ ва ширкатҳои тиҷоратии ИМА намояндагӣ намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА оид ба саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё намудани шароити мусоиди сармоягузорӣ, кафолат ва имтиёзҳои сармоягузорони хориҷӣ ва бахшҳои муҳиму афзалиятноки иқтисодиёти кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо қаноатмандии худро аз таъсиси Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба тақвият хоҳад бахшид, баён дошта, омодагии худро барои густариши фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ изҳор намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар кори ҷаласаи умумии солонаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Вашингтон низ ширкат меварзанд. Ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор 7-уми октябр оғоз гашта, то 11-уми октябри соли равон идома меёбад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ