Ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд мунтазам таъмин мешаванд

Бойгонии ахбор
01.11.2016

Ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд мунтазам таъмин мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки ҳамарӯза тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавҷудияти маблағ дар суратҳисоби муросилотиашон бо пули нақд таъмин гашта, ҳолати мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар робита ба норасоии пули нақд дар бархе аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон чунин иттилоъ медиҳад: Ҳолатҳои рухдода хусусияти доимӣ надошта, вобаста ба нуқсонҳои техникӣ, таъмини банкоматҳо бо барқ, таваққуфи нақлиёт дар ҳамлу нақли маблағи нақд ва дигар сабабҳои узрнок ба амал меоянд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда мешаванд.

Шоистаи зикр аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави мустақил - Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ё ҷой доштани камбудиҳо ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, шаҳрвандон метавонанд бо арзу шикоятҳои худ ба шуъбаи мазкур тариқи почтаи электронии “allomushtari@nbt.tj” ва ё ба рақами (44) 600-15-20 муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку