Бо мақсади солимгардонӣ ва барқарорсозии пурраи фаъолияти ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо қарори навбатии худ аз 3 ноябри соли равон, муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар бонки мазкур то 3 майи соли 2017 тамдид намуд.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ