Тағйироти кадрӣ дар БМТ

Бойгонии ахбор
09.11.2016

Тағйироти кадрӣ дар БМТ

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли равон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло – муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло баъд аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси информатикаи иқтисодӣ ва автоматикунонии системаҳои идоракунӣ фаъолияти худро соли 1995 ба сифати муҳандис барномасози дараҷаи 1-и шуъбаи таҳия ва татбиқи барномаҳои мудирияти ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ибтидои фаъолияти худ то имрӯз, яъне 21 сол дар Бонки миллии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун кор кардааст. Дар ин муддат дар вазифаҳои муҳандиси пешбари шуъбаи барномарезии системавии Мудирияти ҳисоббаробаркунӣ, сардори шуъбаи барномарезии системавии Мудирияти ҳисоббаробаркунӣ, сардори шуъбаи барномарезии системавии Идораи технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳои пардохтӣ, сардори Идораи технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳои пардохтӣ, директори Департаменти низоми пардохт ва директори Департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар пешрафти фаъолияти низоми бонкии мамлакат саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ҳамидулло Машрабзода зимни фаъолияти худ дар Бонки миллии Тоҷикистон дар семинарҳои байналмилалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ, низомҳои пардохт ва ҳифзи иттилоот дар шаҳрҳои Вена, Женева, Минск ва Варшава иштирок намудааст. 

Курси такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ”, инчунин курсҳои “Маъмурии AIX” ва “Таъмини амнияти иттилоот дар шабакаҳои компютерӣ”-ро дар марказҳои таълимии IBM ва Microsoft гузаштааст.

Ҳамзамон Роҳбари гурӯҳи истифодабарандагони SWIFT дар Тоҷикистон мебошад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку