Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон

Бойгонии ахбор
10.11.2016

Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон

Имрӯз, 10 ноябри соли равон, бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташаббуси Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои молиявӣ дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки бештар аз 70 нафар занони соҳибкор ва кормандони низоми бонкӣ аз тамоми қаламрави мамлакат дар мавзӯи “Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар оғоз муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова иштирокдорони мизи мудавварро барои ширкат дар чорабинии мазкур шодбошӣ намуд.

Rasmi_1.JPG

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон қабл аз ҳама аз аҳамияти дастгирӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт суханронӣ намуда, чунин изҳор дошт: “Бешак, ташкили шароити муносиби молиявӣ, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус барои занон мусоидат мекунад, дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нақши муҳим дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Пешвои миллат зимни суханронии худ соли 2015 аз афзоиши шумораи заноне, ки ба соҳибкории хусусӣ машғуланд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши низоми бонкиро дар маблағгузории онҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2015 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор 1,3 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Дар 5 соли охир, ҳиссаи қарзҳои хурди ба занҳо додашуда афзоиш ёфта, 20 - 25% ҳаҷми умумии қарзҳоро ташкил медиҳад”, -таъкид намуд Лола Салимова.

Rasmi_2.JPG

Сипас, раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” Сабоҳат Раҳимзода ба сухан баромада, аз саҳми ташкилоти мазкур дар рушди имкониятҳои иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, дастгирии ташаббусҳои занони соҳибкор, баланд бардоштани маърифати молиявӣ тавассути барномаҳои омӯзишӣ, ҳимояи ҳуқуқи занҳо, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ миёни занони соҳибкор ибрози андеша намуд. Дар ин муддат ташкилоти мазкур ба 1400 нафар қарзҳои хурд дода, 800 ҷойи кори нав ташкил намуда, ба 2500 нафар хизматрасониҳои гуногун пешниҳод намудааст.

Rasmi_3.JPG

Иштирокдорони мизи мудавварро ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва муовини раиси Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ шодбош гуфта, ба кори мизи мудаввар комёбӣ орзу карданд.

Дар идома, иштирокдорони чорабинӣ дар масъалаҳои дастгирии соҳибкорон, нақши ташкилотҳои қарзӣ дар маблағгузории соҳибкории занон суханронӣ намуда, дархост, пешниҳод ва андешаҳои худро барои рушди минбаъдаи маблағгузории соҳибкории занон манзур намуданд.

Мизи мудавварро муовини раиси Бонки милии Тоҷикистон Лола Салимова ҷамъбаст намуда, аз иштироки фаъолонаи ширкаткунандагон изҳори хушнудӣ намуд.

Rasmi_2a.JPG

Дар охир тавсияҳои мизи мудаввар ба иттилои иштирокдорон расонида шуд. 

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибаи пешқадам, роҳандозии ҳамкории самараноки сохтори низоми бонкии кишвар бо занони соҳибкор, таҳияи тавсияҳо роҷеъ ба беҳбудсозии маблағгузории занони соҳибкор мебошад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку