БМТ - барандаи ҷойи аввал ва ҷоми мусобиқа

Бойгонии ахбор
15.11.2016

БМТ - барандаи ҷойи аввал ва ҷоми мусобиқа

Дастаи футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи хурди силсилаи “А”, ки дар ду давр – аз моҳи март то моҳи ноябри соли равон миёни дастаҳои нимакасбӣ баргузор гардид, иштирок намуда, барандаи ҷойи аввал ва сазовори ҷоми мусобиқа гашт.

fotbal_11.jpg

Қобили қайд аст, ки даври ниҳоии мусобиқа, ки дар майдони варзишии Кумитаи андоз баргузор гардид, хеле тезутунд ва шавқовар гузашт. Футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон барои сазовор шудан ба ҷойи аввали мусобиқа бо дастаи “Сохтмони кишвар” муқовимат намуда, маҳорати хуб нишон доданд ва бо ҳисоби бузург 6-3 пирӯз шуда, дар байни 9 даста ҷойи аввалро ишғол намуданд. 

fotball_22.jpg

Дар робита ба дастовардҳои дастаи мазкур хотиррасон менамоем, ки варзишгарони Бонки миллии Тоҷикистон бори сеюм аст, ки маҳорати хуби бозии футболро нишон дода, барандаи ҷойи аввал ва соҳиби ҷоми мусобиқа мешаванд. Ду дафъаи пешин футболбозони БМТ солҳои 2013 ва 2014 низ бо нишон додани бозии хуби футбол барандаи ин ҷом гашта буданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку