Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ гардид

Бойгонии ахбор
16.11.2016

Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ гардид

Рӯзҳои 7 - 11 ноябри соли ҷорӣ дар ш. Ню-Дели (Ҷумҳурии Ҳиндустон) ҳафтаи пленарии ҷаласаҳои Гурӯҳи Авросиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) баргузор шуд. 

Дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ ва 25-умин ҷаласаи Пленарии ГАО ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷалолов М. А., Директори Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Билолов Ф.И ва дигар кормандони Департамент муаррифӣ намуданд.

Fin_mon_photo_1.JPG

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм, мубодилаи иттилоот ва ҳамкориҳои дуҷониба дар самти МҚД/МТ байни мақомотҳои дахлдор, ҷанбаҳои молиявии Котиботи ГАО ва ғайра баррасӣ шуданд. 

Илова бар ин, 8 ноябри соли ҷорӣ дар доираи Ҷаласаи Пленарии мазкур озмун дар самти таҷрибаи беҳтарини ҳамкории мутақобилаи мақомоти кашшофӣ баргузор гардид. Дар ин озмун давлатҳои аъзо, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ҷониби Комиссияи озмун се таҷрибаи беҳтарин дар самти МҚД/МТ интихоб шуда ба давлатҳои аъзо барои баҳогузорӣ пешниҳод карда шуд. 

Fin_mon_photo_2.jpeg

Қобили зикр аст, ки таҷрибаи аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамкории байниидоравӣ дар вақти гузаронидани тафтиши ҳолатҳои ба маблағгузории терроризм алоқаманд” пешниҳодгардида низ, ба ҷумлаи таҷрибаҳои беҳтарин шомил гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии намояндагони давлатҳои аъзои Гурӯҳи Авросиё дар байни нуҳ давлати аъзо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки дар озмуни мазкур Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи 1-ум ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷойи 3-юмро сазовор гаштанд. 

Сазовор гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин як ҷоизаи пурарзиш дар самти таҷрибаи беҳтарини ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ дар самти муқовимат ба терроризм - ин нишони бо тадриҷ зиёд гардидани иқтидори низоми миллии МҚД/МТ ҷумҳурӣ буда, натиҷаи иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи тавсияҳои Гурӯҳи ФАТФ ба шумор меравад.

Департаменти мониторинги молиявӣ 
дар назди Бонки миллии Тоҷикистон


Возврат к списку