БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Мутахассиси шуъбаи таҳлили макропруденсиалии
Идораи суботи молиявӣ
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ – иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (барномаҳои MS Office- ҳатмист);
• малакаи таҳлилӣ ва тадқиқотӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми молиявию бонкӣ;
• доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Мутахассиси шуъбаи таҳия ва назорати барномаҳои
иқтисодӣ ва молиявии Идораи суботи молиявӣ
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ – иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ (барномаҳои MS Office, Word, Excel- ҳатмист);
• малакаи таҳлилӣ ва тадқиқотӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми молиявию бонкӣ;
• доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 086УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка)
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: 600-32-32; 600-31-38
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN.NBT.TJ
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 12.12. 2016
Ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ қабул карда мешаванд.