1 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ҷаноби Нил Маккейн ва Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуданд.
Ҷаноби Ричард Ҷонс роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон бобати хотима ёфтани муҳлати ваколаташ дар Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд ки аз ҳамкории самаранок бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст ва минбаъд низ ин ҳамкориро идома хоҳад дод.
Дар интиҳои суҳбат Ҷамолиддин Нуралиев ба Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ҷаноби Нил Маккейн ва Роҳбари намояндагии домии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ