Ба таваҷҷуҳи бахши молиявӣ - лоиҳа барои таклифу пешниҳодҳо

Бойгонии ахбор
07.12.2016

Ба таваҷҷуҳи бахши молиявӣ - лоиҳа барои таклифу пешниҳодҳо

Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки айни замон таҳияи лоиҳаи “Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи фаъолият доир ба рушди механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” ба роҳ монда шудааст.

Ҳуҷҷати мазкур бо мақсади гирифтани таклифу пешниҳодҳои ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ, ҷиҳати пурра дар бар гирифтани тамоми масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, инчунин сифатан баланд бардоштани мазмуну мундариҷаи он ба саҳми бахши молиявӣ пешкаш карда мешавад.


Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи амал оид ба рушди механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019.

Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони 

хизматрасониҳои низоми бонкӣ


Возврат к списку