5 декабри соли равон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Нексигол-молия” фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ карда шуд.
Мутобиқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 29 июли соли 2013, таҳти № 183 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Нексигол-молия” Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода шуда, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши он гузошта шудааст.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ