Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад

Бойгонии ахбор
06.12.2016

Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад

Ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Йоҳаннес Лин, собиқ ноиб-Президенти бонки мазкур дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки ҳамзамон дар вазифаи мушовири сатҳи баланди Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият намуда, вазифаи Директори иҷрокунандаи Маркази Рушди Вулфенсонро ба зимма дорад, 5 декабри соли равон ба Бонки миллии Тоҷикистон ташрифи расмӣ анҷом дод.

Rasmi_1_NBT_VB.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ибтидо меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ошно намуда, иброз дошт, ки ҳамкории судманди Бонки ҷаҳонӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар ва дастгирии молиявии онҳо дар ташаккулёбии сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад.

Rasmi_2_NBT_VB.JPG

Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро дар сатҳи нав ба роҳ мемонанд.

Rasmi_3_NBT_VB.JPG

Дар мулоқоти имрӯзаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷаноби Йоҳаннес Лин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ хонум Лилия Бурунчук - директори кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Саша Ҷумена - ҳамоҳангсози барномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонум Патрисиа Виверс-Картер - роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку