Муаррифии лоиҳаи IFC барои кормандони БМТ

Бойгонии ахбор
07.12.2016

Муаррифии лоиҳаи IFC барои кормандони БМТ

Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои гуногуни Корпоратсия молиявии байналхалқии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ рӯз то рӯз зичтар мегарданд. 5 декабри соли равон лоиҳаи Корпоратсия молиявии байналхалқӣ (IFC) оид ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи марказӣ дар чаҳорчӯбаи омӯзиши натиҷаҳои таъсири низоми мубодилаи маълумоти қарзӣ ба бахши молиявии мамлакат ва баррасии имкониятҳои ба роҳ мондани тадқиқоти муштарак бо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти корӣ доир намуд. 

IFC_NBT_1.jpg

Дар назди ҳозирин бо муаррифии мушаххас менеҷери лоиҳаи Корпоратсия молиявии байналхалқӣ Заррина Одинаева суханронӣ намуд. Номбурда дар ҷараёни муаррифии лоиҳаи ташкилоти худ иброз дошт, ки мақсади тадқиқот муайян ва таҳлил кардани таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии низоми мубодилаи маълумоти қарзии бюроҳои хусусӣ, бахусус таъсири онҳо ба интегратсияи молиявӣ ва сифати сандуқи қарзӣ, таҳкими устуворӣ ва кам кардани хавфҳо дар бахши молиявӣ, ҳамчунин баланд кардани сатҳи дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ мебошад. 

IFC_NBT_2.jpg

Илова бар ин, иброз гардид, ки тадқиқоти мазкур дар сатҳи кишварҳо аввалин тадқиқоте хоҳад буд, ки бо мақсади муаяйн намудан ва дар асоси ҷамъоварию таҳлили маълумотҳои аниқ додани баҳои шуморавӣ ба тағйиротҳо ислоҳотҳоро то ва баъди татбиқи низоми мубодилаи маълумоти қарзӣ муқоиса менамояд.

IFC_NBT_3.jpg

Дар мулоқоти намояндагони Корпоратсия молиявии байналхалқии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо кормандони бонк Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев иштирок ва оид ба паҳлӯҳои мухталифи муаррифии лоиҳаи пешниҳодгашта фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошт.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку