Эълон барои коршиносон дар самти МҚД/МТ

Бойгонии ахбор
09.12.2016

Эълон барои коршиносон дар самти МҚД/МТ

Ташаббуси мазкур, дар доираи лоиҳаи Кӯмаки техникии Пурзур намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ), ки аз ҷониби Бонки рушди Осиё (БРО) роҳандозӣ мешавад, баргузор мегардад. Бинобар тамдид гаштани мӯҳлати Кӯмаки техникӣ то 30 июни соли 2017, чорабиниҳо ҷиҳати мутобиқ намудани масъалаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ба Тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо (ФАТФ) аз соли 2012 низ идома меёбанд.

Бо ин мақсад Бонки рушди Осиё дар ҳамбастагӣ бо Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои коршиносони байналмилалӣ ва маҳалие, ки дар ин самт фаъолият хоҳанд кард, вазифаҳои техникӣ таҳия намудааст.

Довталабони ҳавасманд барои шинос шудан бо дастурамали техникӣ метавонанд, дархости худро ба нишонии зерин равон намоянд:

Коршиноси байналмилалӣ:

https://uxdmz06.adb.org/OA_HTML/adb/xxcrs/jsp/ADBCsrnFwd.jsp?sel=132098 

Коршиноси маҳалӣ:

https://uxdmz06.adb.org/OA_HTML/adb/xxcrs/jsp/ADBCsrnFwd.jsp?sel=132103

Департаменти мониторинги молиявӣ


Возврат к списку