Мулоқоти корӣ бо ҳайати намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
08.12.2016

Мулоқоти корӣ бо ҳайати намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ

Ҳафтуми декабри соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ зери роҳбарии ҷаноби Йоҳаннес Лин, собиқ ноиб-Президенти бонки мазкур дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки ҳамзамон дар вазифаи мушовири сатҳи баланди Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият дорад, баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба вазъи кунунии низоми бонкӣ аҳамият дода, масъалаи дастгирии молиявии низоми бонкиро мавзӯи асосии гуфтушунид қарор доданд.

Vokhuri _1.jpg

Дар оғози мулоқот ҷаноби Йоҳаннес Лин аз муҳтавои вохӯриаш бо Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асосан ба дастгирии низоми молиявии бонкҳо равона шуда буд, суханронӣ намуд.

Vokhuri _2.JPG

Сипас, Йоҳаннес Лин ба вазъи кунунии низоми бонкии Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои судманд бо шарикони ҳамкор, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар самти дастгирии низоми молиявии бонкӣ ишора намуда, қайд кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ омода аст, бо пешниҳод шудани барномаҳо ҷиҳати беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ дар ин самт саҳмгузорӣ намояд.

Vokhuri_3.JPG

Баъдан, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ф.Ҳамрализода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода оид ба ҳамкории судманд дар самти низоми молиявии кишвар, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, татбиқи барномаҳои якҷоя ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Қобили қайд аст, ки дар мулоқоти мазкур, инчунин хонум Патрисиа Виверс-Картер - роҳбари намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, вазири молияи ҶТ Қурбониён А, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҳикматуллозода Н, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С, Салимова Л.Ҷ, Машрабзода Ҳ. ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку