Нишасти корӣ бо мутахассисони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинавӣ

Бойгонии ахбор
12.12.2016

Нишасти корӣ бо мутахассисони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинавӣ

Даҳуми декабри соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои мутахассисони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинавии вазорату идораҳои кишвар, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар хусуси Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба “Қоидаи таҳияи ҳисоботи оморӣ оид ба муомилоти хазинавии шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ” нишасти корӣ баргузор гардид.

Нишастро нахуст бо суханони муқаддимавӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола Ҷумъаевна ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокдорон дар хусуси тартиби таҳияи ҳисоботи оморӣ оиди гардиши пули нақд ва рамзгузории амалиётҳои хазинавӣ дар шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ ибрози назар намуд.

Сипас, аз ҷониби мутахассисони Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон дар мавриди дуруст ба роҳ мондани “Ташкили хизматрасонии хазинавӣ дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон”, “Тартиби нигоҳдорӣ, баҳисобгирии пул ва дороиҳои қимматнок”, “Тартиби кушодан ва маҳкам намудани ганҷхонаҳо”, “Талабот ба бино барои гузаронидани амалиёт бо пулу дороиҳо ва воситаҳои барномавию техникии ташкилоти қарзӣ”, “Ташкили кори хазинавӣ, ташкили кори хазинаҳои даромад, бозшуморӣ, хароҷот, табдили пули коғазӣ ба танга”, “Ташкили кор бо хазинаи воридотӣ-хароҷотӣ бо низоми равзанаи ягонаи хизматрасонии хазинавӣ ба мизоҷон”, “Ташкили кори хазинаи бегоҳирӯзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ” ва “Ташкили кор бо пулҳои корношоям, қалбакӣ ва шубҳанок” тавассути слайд-намоишҳо маълумот пешниҳод гардид.

Зимни муҳокимаи мавзӯҳои нишасти корӣ иштирокдорон фаъолона ширкат намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисони БМТ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Қобили қайд аст, ки баргузории нишастҳои мазкур дар таҳкиму тақвият бахшидан ба сатҳи касбият ва малакаи кории кормандони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинавӣ таъсири мусбат хоҳад дошт.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку