Фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” анҷом ёфт

Бойгонии ахбор
14.12.2016

Фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” анҷом ёфт

Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дар асоси қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 декабри соли ҷорӣ фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ба анҷом расид.

Дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку