Дастаи БМТ бори сеюм ғолиби мусобиқа гашт

Бойгонии ахбор
12.12.2016

Дастаи БМТ бори сеюм ғолиби мусобиқа гашт

Дастаи футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи хурди силсилаи “А”, ки дар ду давр – аз моҳи март то моҳи ноябри соли равон миёни дастаҳои нимакасбӣ баргузор гардид, барандаи ҷойи аввал ва сазовори ҷоми мусобиқа гашт. 

Sport_1.jpg

Дар робита ба ин, 10 декабри соли равон дар толори Спорт-бари “Истиқлол” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва беҳтарин бозингарони мусобиқаи футболи хурди силсилаи “А” дар соли 2016 баргузор гардида, ғолибон аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футзали Тоҷикистон бо медалҳои тилло ва ҷоми мусобиқа сарфароз гардонида шуданд. 

sport_2.JPG

Ҳамзамон, дар маросими мазкур, тариқи овоздиҳие, ки тавассути СМС-паёмак сурат гирифт, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Беҳрӯз Абдуалимов ва Акбар Мухамедов унвонҳои “Беҳтарин бозингар” ва “Беҳтарин мураббӣ”-и мусобиқаро соҳиб гаштанд.

sport_3.JPG

Қобили қайд аст, ки пирӯзии варзишгарон дар ҷаласаи умумии Бонки миллии Тоҷикистон низ зикр гашта, ғолибони мусобиқаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода шахсан табрику таҳният намуд. 

sport_4.JPG

Хотиррасон менамоем, ки варзишгарони Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли ташкилёбии мусобиқаи номбурда дафъаи сеюм аст (солҳои 2013, 2014 ва 2016), ки барандаи ҷоми мусобиқа мегарданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку