Дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат хуш пазироӣ гардид

Бойгонии ахбор
22.12.2016

Дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат хуш пазироӣ гардид

Имрӯз, 22-юми декабри соли 2016 кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи бонк дар пахши мустақими телевизионии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Rasm_1a.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар Паёми худ аз муваффақиятҳои дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ноилгашта, аз натиҷаҳои ба даст овардашуда дар самти расидан ба ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ (истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ), аз рушди соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо ҳарф зада, зикр намуд, ки дар соли ҷорӣ бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардид. Сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, таваррум 6 фоизро ташкил медиҳад.

Rasm_2b.JPG

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат фаъолияти муътадили низоми бонкиро дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ хонда, таъкид намуд, ки “Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд”.

Rasm_3v.JPG

Пешвои миллат зимни Паёми худ зикр намуд, ки “дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем”.

Rasm_4g.JPG

Қобили қайд аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Паёми имрӯза аз ҷониби кормандони БМТ бо самимияти хосса пазироӣ гардид.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку