Дирӯз, 27 декабри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Ҷаласаро нахуст муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода кушода, дар бобати аҳамияти Паёми Сарвари давлат, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дастуру супоришҳои додашуда суханронӣ намуд.
- Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ба шумор рафта, дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад. Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат садо дод, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудааст, - изҳор дошт Ҳамидулло Машрабзода.
Сипас, сардори шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон Шамсулло Давлатов иштирокдорони ҷаласаро ба таври васеъ бо масъалаҳои дар Паёми имсола гуфташуда, шинос намуда, аз иштирокдорон талаб намуд, ки ба вазифаҳои дар назди кормандони низоми бонкии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат гузошташуда, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
- Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти моро барои соли 2017 ва солҳои минбаъда муайян мекунад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати молия фаъолияти низоми бонкии кишварро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, вазифадор карда шудаанд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амаонатгузорон, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд, - қайд намуд Давлатов Ш.
Дар рафти ҷаласа, дигар кормандони воҳидҳои сохтории бонк низ вазифаву нақшаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташударо дастгирӣ намуда, таъкид карданд, ки таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ барои аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани азизамон вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар кадоме аз нишастагон маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки масъалагузориҳои Пешвои миллат дар мавриди рушди соҳаи бонкдорӣ, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва ба ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ собит месозанд, ки ин мавзӯъ доимо зери назари бевоситаи Пешвои миллат қарор доранд. Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои вазифаву ҳадафҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда, ҳар кадоме аз иштирокдорон масъулияти бештарро бояд эҳсос кунанд.
Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо низоми бонкии кишвар баҳри иҷрои вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат қайдгардида, ба таври самаранок фаъолият анҷом дода, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод.
Шуъбаи матбуоти
БМТ