Варзиш - гарави саломатист

Бойгонии ахбор
29.12.2016

Варзиш - гарави саломатист

Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶДММ “Варзиш БМТ”-и Бонки миллии Тоҷикистон миёни кормандони воҳидҳои сохтории бонк мусобиқаи тениси рӯи миз доир гардид.

Мусобиқа дар ду бахши алоҳида, барои мардон ва барои занон баргузор гардида, аз ҷониби кормандон ба иштироки фаъолона ва таваҷҷуҳу шавқи хос анҷом ёфт.

Дар натиҷа, дар мусобиқаи гурӯҳи мардона ҷойи аввалро сардори Идораи кормандони БМТ Гадоев Д, ҷойи дуюмро мураббии ҶДММ “Варзиш БМТ” Расулов З ва ҷойи сеюмро бозраси Департаменти назорати бонкӣ Иброҳимӣ Раҳими Мирзозод ишғол намуданд.

Varzish_1.jpg

Дар сабқати гурӯҳи занона бошад, ҷойи аввалро мутахассиси Идораи ҳисобдорӣ Раҷабова А, ҷойи дуюмро мутахассиси Идораи амният Забалуева М ва ҷойи сеюмро муовини директори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд Қурбоналиева Н. соҳиб гардиданд.

Varzish_2.jpg

Ғолибони мусобиқа дар арафаи Соли нави мелодии 2017 бо медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку