Фаъолияти ТҚХ “Гендер ва тараққиёт” ва ТҚХ “Танаис” қатъ гардид

Бойгонии ахбор
29.12.2016

Фаъолияти ТҚХ “Гендер ва тараққиёт” ва ТҚХ “Танаис” қатъ гардид

Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаҳои барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Гендер ва тараққиёт” ва ҶДММ ТҚХ “Танаис” 28 декабри соли равон, бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурда қатъ карда шуд.

Тибқи қарорҳои зикршуда, иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 25 июли соли 2005, таҳти №195 ва 4 январи соли 2006, таҳти №4 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардиданд.

Мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Гендер ва тараққиёт” ва ҶДММ ТҚХ “Танаис” уҳдадор карда шудаанд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзии номбурда, комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.

Ҳамчунин, комиссияҳои барҳамдиҳӣ вазифадор карда шудаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку