ҶСП “Фононбонк” ба ҶСК “Фононбонк” табдил ёфт

Бойгонии ахбор
06.01.2017

ҶСП “Фононбонк” ба ҶСК “Фононбонк” табдил ёфт

Дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” 29 декабри соли 2016, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) “Фононбонк” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Қобили қайд аст, ки мутобиқи қарори зикршуда Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Фононбонк” аз таърихи 23 апрели соли 2013 бинобар иваз шудани номгузории ташкилот аз эътибор соқит гардид.

Дар робита ба ин, ба Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдорро ворид намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку