Иҷозатномаи ТҚХ “Ренессанс-кредит” бозхонд гардид

Бойгонии ахбор
06.01.2017

Иҷозатномаи ТҚХ “Ренессанс-кредит” бозхонд гардид

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Ренессанс-кредит”, 29 декабр соли 2016 бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ карда шуд.

Дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 19 майи соли 2008, таҳти №168 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардид.

Ба мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Ренессанс-кредит” супориш дода шудааст, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии номбурда, комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд. Дар навбати худ, комиссияи барҳамдиҳӣ ӯҳдадор аст, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку