Шарҳи мухтасари сатҳи таваррум дар моҳи декабр ва дар соли 2016

Бойгонии ахбор
12.01.2017

Шарҳи мухтасари сатҳи таваррум дар моҳи декабр ва дар соли 2016

Дар моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба таварруми ҳосилшуда дар моҳи декабр асосан ба андозаи 1,0 фоиз болоравии нархи молҳои озуқаворӣ, азҷумла равғани пахта, чой, шир ва маҳсулоти хусусияти мавсимидошта, аз қабили картошка, пиёз ва себ таъсир расонид. Ҳамзамон, дар моҳи мазкур нархи молҳои ғайриозуқа бетағйир монда, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 1,2 фоиз коҳиш ёфтанд.

Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд. Аз рӯи ҷамъбасти соли 2016 сатҳи таваррум 6,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ 6,8 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 5,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4,5 фоиз ба амал омад.

Қобили зикр аст, ки таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016дар сатҳи 7,0 фоиз пешбинӣ гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.

Бояд қайд намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

Департаменти сиёсати монетарӣ,

тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку