Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» идомаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар СММ

Бойгонии ахбор
17.01.2017

Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» идомаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар СММ

Имрӯз, 17 январи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии бонк дар робита ба қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо суханронӣ аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди Қатъномаи мазкур, оғоз намуд.

Sem_ob_1.JPG

- Қабули қатъномаи мазкур, ки боиси ифтихор ва фараҳмандии ҳар як нафари мо мебошад, бо ташаббуси бевоситаи давлати Тоҷикистон ва Пешвои миллати он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Пешниҳоди Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бори нахуст аз ҷониби Пешвои миллат моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ садо додааст. Дар ин чорабинии муҳим Сарвари давлати мо вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуд. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, касалиҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои то ба имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, ба Маҷмааи Умумии СММ манзур гардид. Ва тавре огаҳ ҳастед, қатъномаи мазкур чанде пеш қабул карда шуд, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, - изҳор дошт Машрабзода Ҳ.

Sem_ob_2.JPG

Сардори Идораи кормандон Гадоев Д. дар хусуси даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 - чун ҳуҷҷати муҳиме, ки на танҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои кулли мардуми сайёра аҳамияти бузург дорад, суханронӣ намуд.

- Об ҳамчун неъмати бебаҳо на танҳо барои ошомидан, балки баҳри истифода дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ низ муҳим аст. Дар ин росто, соҳаи обёрии кишоварзӣ низ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа нақши муҳим дорад. Тақрибан 20 фисади ММД-и кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби кишоварзӣ ба даст омада, қариб 70 фисади аҳолии деҳоти минтақа маҳз дар соҳаҳои марбут ба кишоварзӣ шуғл меварзанд. Бо назардошти нуқтаҳои мазкур Даҳсолаи нав бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа метавонад барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатовар бошад, - қайд намуд Гадоев Д.

Sem_ob_3.JPG

Сипас дигар иштирокдорони ҷаласа низ аз аҳамияти қатъномаи мазкур суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Президенти кишвар зимни Паёми хеш иброз доштанд, ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар се соли оянда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар дониста мешавад. Яъне Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки ҳадаф аз он бештар кардани маблағгузорӣ ба соҳаи об ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт мебошад, барои боз ҳам бештар намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала бояд мусоидат кунад. Ва умед аст, ки дар ин давра кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз имкониятҳои фароҳамшаванда барои рушди устувори худ ва минтақа самаранок истифода хоҳанд бурд. 

Шуъбаи матбуоти  
БМТ




Возврат к списку