Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2016

Бойгонии ахбор
23.01.2017

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2016

Дар ҷаласаи васеъи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ, ки дирӯз, 23 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2016 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2017 мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифт.

Maj_banki_3.JPG

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки сарфи назар аз он ки соли 2016 барои низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ барои соҳаи иқтисодиёт соли душвор буд, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист ба рушди воқеии иқтисодиёт ва он нақшаҳое, ки дар назди худ дар самти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ гузошта буд, ноил гардад. Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гаштанд, дар самти пурзӯр намудани назорати низоми бонкӣ ибрози назар кард. Зикр карда шуд, ки бо дарназардошти таъсири фишорҳои беруна ва буҳрони молиявӣ, инчунин суст ба роҳ монда шудани идоракунии корпоративӣ як қатор бонкҳо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки ин раванд тавонист ба коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ таъсир расонад. Аз ҷумла, дар хусуси мушкилоти бонкҳои муаммодор ва қабули қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии онҳо, ба таври мақсаднок равона шудани маблағҳо, назорати қатъӣ аз болои маблағҳои равонашуда, дар навбати аввал таъмин гардидани уҳдадориҳои бонкҳои мазкур дар назди буҷет ва пасандозгузорон, ки зина ба зина амалӣ карда мешаванд, махсусан таъкид карда шуд. Дар баробари ин, Ҷ.Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои низом дар якҷоягӣ бо бонкҳо барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувории он дар кишвар, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, назорати қатъӣ аз болои дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ бояд диққати асосӣ дод.

Maj_banki_2.JPG

Сипас, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин аз рӯи масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис – Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2016 бо таҳлили амиқ ва муфассал дар назди ҳозирин суханронӣ намуд. Сарпарасти соҳа диққати роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурдро барои дар сатҳи паст қарор доштани идоракунии корпоративӣ, набурдани назорати самаранок аз ҷониби Шӯрои нозирон, дуруст ба роҳ намондани аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ, яъне пешниҳоди қарзҳои калонҳаҷм бе гузаронидани таҳлили амиқ, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди носаҳеҳи ҳисоботҳо, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, надоштани стратегияи ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат, баланд будани меъёри фоизии қарзҳо ва ғайра ҷалб намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки новобаста аз ҷаримадиҳии бонкҳо дар соли 2016 дар ҳаҷми калон ҳанӯз камбудиҳо дар соҳа зиёд ба назар мерасанд.

Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди мавҷуд будани баъзе мушкилот дар самти пардохти андоз, зарурати истифодаи рейтинги мамлакат барои тавсеа бахшидани ҷалби сармоягузории хориҷӣ, коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои мамлакат, мавҷуд будани мушкилоти кадрӣ дар минтақаҳо, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар амал татбиқ намудани қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, ба роҳ мондаи фаъолияти дурусти банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои мушаххаси худро иброз намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои номбурда саҳми худро гузоранд.

Maj_banki_1.JPG

Дар ҷамъбасти ҷаласаи васеъи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд барои соли 2017 вазифагузорӣ карда шуд, аз ҷумла дар самти истифодаи имкониятҳои гуногун барои ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, андешадани чораҳои воқеӣ барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, зиёд намудани сатҳи миёнаравии молиявӣ, пурзӯр намудани фаъолияти аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти қарзӣ ва ғайраҳо таъкид гардид. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати пурсамар татбиқ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди низоми бонкии кишвар пайваста тадбирҳо хоҳад андешид.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку