Имрӯз, 24 январи соли равон, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро таҳти роҳбарии Мушовири калони департаменти ҳуқуқи БАТР ҷаноби Жан Пйеро Чиня ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти мазкур дар доираи Лоиҳаи кумакҳои техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба баҳодии идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои танзими идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, усулҳои идоракунии корпоративӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҷорикунонии механизми услуҳои мазкур дар ташкилотҳои қарзӣ, асосҳои методологӣ ва меъёрии санҷишҳои Бонки миллии Тоҷикистон, татбиқи чораҳои зарурӣ баъди санҷиш ва дигар масъалаҳои марбут ба Лоиҳаи кумакҳои техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти баҳодии идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот муовини якуми Раис Ҷ.Нуралиев изҳор дошт, ки бинобар суст будани идоракунии корпоративӣ дар як қатор ташкилотҳои қарзӣ боиси ба мушкили молиявӣ гирифтор шудани онҳо ва дар умум коҳиш ёфтани низоми бонкии кишвар гардид. “Маҳз ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои рухдода дар низоми бонкии кишвар вазифаи аввалине, ки дар назди бонкҳо дар соли 2017 гузошта шуд, дуруст ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ мебошад”, - таъкид намуд муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев.
Дар навбати худ, Мушовири калони Департаменти ҳуқуқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Жан Пьеро Чиня зикр намуд, ки барои пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ дар самти таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ маълумоти дахлдор дар бораи бонкҳо ва тарзи идоракунии корпоративии кунунии онҳо зарур аст. Зикр карда шуд, ки танҳо баъди таҳлил ва баррасии ҳисобот ва маълумот дар бораи бонкҳо ҷониби БАТР метавонад барномаҳои худро дар низоми бонкии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Вобаста ба татбиқи барномаҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон, аз ҷумла дар навбати аввал ба кор бурдани он нисбати бонкҳои муаммодор муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон С.Икромӣ изҳор дошт, ки ҷониби БАТР пешниҳодҳои худро манзур намояд. Танҳо баъди мувофиқаи ҷонибҳо метавон барномаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ҷиҳати беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои муаммодор ба кор бурд.
Дар ҷамъбасти мулоқот тарафҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати татбиқ намудани барномаҳо дар самти таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ аз таҷрибаи БАТР истифода мебаранд.
Дар робита ба ин, Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои пурзӯр намудани назорати низоми бонкӣ ва бо ин мақсад таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ ҷиҳати истифода аз таҷрибаи ғании Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ монад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ