Бойгонии ахбор
25.01.2017

Семинар барои омӯзгорони маҳаллӣ

Ҳафтаи равон, бо ташаббуси Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (Олмон)  ва  мусоидати Бонки миллии Тоҷикистон даври дуюми вохӯрӣ-семинари минтақавии омӯзгорони маҳаллӣ барои намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон оғоз ёфт.

sem_dual_1.JPG

Дар маросими ифтитоҳӣ иштирокдорони семинар-вохӯриро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сардори идораи кормандони БМТ Гадоев Д ва аз ҷониби Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ коршиноси дарозмуддати Фонд дар Тоҷикистон хонум Инна Мазур шодбошӣ намуданд.

sem_dual_2.JPG

Дар рафти семинари омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ омӯзиши дугона барои муаллимони маҳаллӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ доир карда мешавад.

sem_dual_3.JPG

Қобили қайд аст, ки семинари мазкур аз 23 январ то 27 январи соли 2017 идома меёбад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку