Дирӯз, 30 январи соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон маърӯзаи намояндагии Хазинаи Байналмиллалии Асъор дар мавзӯи “Имконоти рушди иқтисодиёти минтақавӣ” (минтақаи Кавказ ва Осиёи Марказӣ) муаррифӣ гардид. Маърӯза аз ҷониби намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон ҷаноби Ю.Соболев дар ҳузури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев, муовинони Раис С.Икромӣ, Л.Салимова, Ҳ.Машрабзода ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор манзур гардид.
Маъруза аз се бахш иборат буда, таҳлили самтҳо ва дурнамои вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, имконоти рушду дараҷаи сиёсати иқтисодӣ ва афзалиятҳо дар самти сиёсати иқтисодиро дар соли 2017 дар бар дошт.
Зимни муаррифӣ бартарият дар самти сиёсати макроиқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла дар сиёсати андозиву буҷетӣ, сиёсати монетарӣ ва бахши молиявӣ баҳри рушди иқтисодиёт дар минтақаи Кавказ ва Осиёи Марказӣ қайд карда шуд.
Дар қисмати муҳокима роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаҳои баҳодиҳии сиёсати монетарӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ, баррасӣ намудани сиёсати андозӣ бо мақсади тавон бахшидани соҳибкорӣ қайд гардиданд.
Дар ҷамъбаст муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор барои баррасӣ намудани муаррифӣ дар доираи мутахассисини соҳа ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистонро хуш пазируфта, идомаи чунин иқдомро дар оянда низ қобили дастгирӣ донист.
Шуъбаи матбуоти
БМТ