Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар сатҳи 12,5 фоиз муқаррар ва ҳамзамон фишанги нави сиёсати пулию қарзиро ҷорӣ намуд

Бойгонии ахбор
01.02.2017

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар сатҳи 12,5 фоиз муқаррар ва ҳамзамон фишанги нави сиёсати пулию қарзиро ҷорӣ намуд

31 январи соли 2017

Дар ҷаласаи имрӯзаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тағйир додани меъёри бозтамвил ба андозаи 1,5 банди фоизӣ ва муқаррар намудани он дар сатҳи 12,5 фоиз қарор қабул карда шуд.

Қарори мазкур бо дарназардоштитаҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ватаъсири хавфҳоиэҳтимолӣ ба иқтисодиёт, ҷиҳатитаъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррумдар сатҳи муътадил қабул гардид.

Дар соли 2016 бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ, сатҳи таваррум раванди боэътидол дошта, меъёри он 6,1фоизро ташкил дод вадар доираи нишондиҳандаи дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 муқарраршуда (дар сатҳи 7,0 фоизи солона) нигоҳ дошта шуд.

Тибқи дурнамо сатҳи таварруми солона дар семоҳаи аввали соли 2017 тамоили нисбатан муътадилро соҳиб гашта, дар атрофи 6,0 фоизи солона ва дар ҷамъбасти соли 2017 дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок– дар сатҳи 7,0 фоизи солона ба ҳадаф гирифта мешавад.

Гарчанде таваррум дар сатҳи муътадил пешбинӣ шуда бошад ҳам, дар иқтисодиёт хавфҳои эҳтимолии қурбию таваррумӣ вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунию дохилӣдоштамавҷуданд,ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирии интизориҳои манфии таъсири омилҳои зикргардида, амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ бо роҳи татбиқи сиёсати пайгиронаи қатъии пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ (пулию қарзӣ) зарур мебошад. Бахусус идомаёбии номуайяниивазъи иқтисодию молиявӣ ва геосиёсӣ, инчунинустувор гардидани қурбидоллари ИМА дар миқёси ҷаҳон, эҳтимоли пайдогардидани фишорҳоиберунироба сатҳи нархҳои воридшаванда бо дарназардошти зиёд будани ҳиссаи молҳои воридотӣ дар сабади истеъмолӣ, ба вуҷуд оварад.

Дар баробари ин, таконҳои омилҳои ғайримонетарӣ, аз қабили болоравии тарифаҳои бархе аз хизматрасониҳо, инчунин таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ дар семоҳаи аввали сол ба сатҳи таваррум саҳм хоҳад гузошт.

Ҳамзамон, тағйир додани меъёри фоизи бозтамвил барои таҳкими механизми амалиёт дар бозори озод ва ҷоннок намудани фишангҳои фоизии он, нигоҳдории сатҳи оптималии нишондиҳадаи амалиётии монетарӣ ва раванди нишондиҳандаҳои пулӣ, танзиму идоракунии босамари пардохтпазирӣ дар ҳудудҳои нақшавӣ барои маҳдудсозии таъсири манфии омилҳои монетарӣ ба сатҳи таваррум равонагардидааст.

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон инчунин қарорро доир ба нахуст ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил – қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи меъёри бозтавил ҷамъ +4,0 банди фоизӣ ба тасвиб расонид.

Мақсади асосии ҷорӣ намудани механизми қарзии мазкур аз таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо иборат аст.

Ҳамчун воситаи қарзии доимамалкунанда пешниҳоди қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт) ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки норасоии пардохтпазирии дар давоми рӯз ҳангоми ҳисоббаробаркунии пардохтҳо ба вуқуъояндаро дарёфт ва рӯйпӯш намоянд ва ҳамзамон меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ ба танзим дароварда шаванд.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон 17 марти соли 2017 баргузор ва қарори навбатии худро оид ба меъёри бозтамвил тавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад намуд.

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд



Возврат к списку