Самараи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Давлати Қатар

Бойгонии ахбор
07.02.2017

Самараи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Давлати Қатар

Санаи 5 феврали соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Давлати Қатар, шаҳри Даҳва, дар сардафтари Бонки марказии Қатар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Раиси Бонки марказии Қатар Абдулло бин Сауд ал-Сонӣ баргузор гардид.

Rais_qatar_1.jpg

Дар вохӯрии зикршуда ҳайати Бонки миллии Тоҷикистонро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва директори Департаменти мониторинги молиявӣ Фарҳод Билолов ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои равонашудаи онҳо дар самти ислоҳоти фаъолияти бонкдорӣ ва ғайра маълумоти мухтасар пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки нишондиҳандаҳои мақроиқтисодии ҷумҳурӣ сол аз сол тамоюли болоравӣ дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке минтақаҳои ҷолиб барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ гашта истодааст.

rais3.jpg

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷониби Қатар таклифҳои судманд пешниҳод гардид. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар барои ҳамкорӣ дар самти хизматрасониҳои клирингӣ, кушодани хати имтиёзноки қарзӣ, мусоидат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ташкилотҳои қарзии ҳарду ҷониб, аз қабили кушодани ҳисоботҳои муросилотӣ, хатҳои қарзии имтиёзнок ва ғайра ба роҳ монда шавад.

Қайд кардан зарур аст, ки бо назардошти мусоид ва ҷолибнокии даромадҳо аз фоизнокии пасандозҳо дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ташкилотҳои молиявии Давлати Қатар ҷиҳати кушодани намояндагиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Илова бар ин пешниҳод гардид, ки миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар табодули таҷриба дар самти назорати бонкӣ, пешбурди сиёсати монетарӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, таъмини суботи молиявӣ ва ғайра ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, бо назардошти муҳим будани ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубодилаи иттилоот ба мувофиқа омаданд.

rais1.JPG

Ҷаноби Абдулло бин Сауд ал-Сонӣ таклифҳои ҳамкориро қобили қабул шуморида, пешниҳод намуд, ки соли ҷорӣ дар яке аз давлатҳо вохӯрии ҷонибҳо бинобар муфассал баррасӣ намудани масъалаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати оғоз бахшидани ҳамкориҳо Гурӯҳи кории ҳарду тараф ташкил гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо мавриди баррасии қаблӣ қарор дода шаванд.


Дар навбати худ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода омодагии ҳамаҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо иброз намуда, бо истифода аз фурсати муносиб ҳампешаи худро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Вохӯрии ҷонибҳо дар фазои дустӣ ва якдигарфаҳмӣ анҷом ёфта, ҷонибҳо саъю талош ниҳоданро баҳри амалишавии натиҷаҳои вохӯрӣ иброз намуданд.

Зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар (5-6 феврали соли 2017) дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ дар ҳузури сарони давлатҳо дар баробари санадҳои муҳимми ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ ба имзо расонида шуд.

Департаменти мониторинги молиявӣ
дар назди Бонки миллии Тоҷикистон



Возврат к списку