Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки вазъи бозори дохилии асъор имрӯзҳо мӯътадил буда, фаъолияти он зери назорати доимии гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои кории муштараки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Муассисаҳои бонкӣ барои анҷом додани амалиёти хариду фурӯш ба миқдори кифоя пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ доранд ва амалиёти мубодиларо бе ягон маҳдудият мегузаронанд.
Хотиррасон менамоем, ки мубодилаи асъор дар ҷойҳои дигар ва даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ҳангоми амалиётҳои мубодилавӣ қонуншиканӣ ҳисобида шуда, шаҳрвандон уҳдадоранд, хариду фурӯши асъори хориҷиро танҳо дар хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ анҷом диҳанд. Зеро анҷом додани амалиёти мубодила дар дигар ҳолат қонуншиканӣ арзёбӣ гашта, барои чунин амал ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ