Ташрифи Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
17.02.2017

Ташрифи Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

Имрӯз, 17 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) таҳти роҳбарии Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ҷаноби Холид ал-Абудӣ ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.

Vstrecha_IBR_2017_1.JPG

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода Ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусиро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, аз натиҷаҳои ноилшуда дар таҳияи санадҳо барои татбиқи минбаъдаи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.

Vstrecha_IBR_2017_2.JPG

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, гидроэнергетика, низоми бонкӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ, рушди амалиётҳо бо қоғазҳои қиматноки исломӣ (сукук), рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Дар навбати худ Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ҷаноби Холид ал-Абудӣ ҷиҳати тавсеа додани ҳамкориҳо барои дастгирии соҳибкории хурду миёна тавассути таъсиси фондҳои маблағгузорӣ изҳори ҳавасмандӣ кард. Вобаста ба ин Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд бо корпоратсияи мазкур изҳори омодагӣ кард. Бояд тазаккур дод, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.

Vstrecha_IBR_2017_3.JPG

Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Сармудири машваратчӣ ва идоракунии дороиҳои Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Нидо Раза, мудири минтақавии кишварҳои ИДМ ва Аврупои ICD Самир Тақиев ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ташрифи корӣ Ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) мулоқот бо Муовини якуми Сарвазири кишвар, Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ




Возврат к списку