Имрӯз, 21 феврали соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Технологияи нави бонкӣ дар самти муомилоти пулӣ ва чопи пул” муаррифии маҳсулоти ширкати британиягӣ De La Rue – яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон оид ба чопу нашри коғазҳои қиматнок (банкнотаҳо, шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои дорои унсурҳои баланди ҳимоявӣ) бо ширкати Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раис Лола Салимова ва Ҳамидулло Машрабзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони зинаи аввали бонкҳои низомсози кишвар баргузор гардид.
Дар оғози муаррифӣ ҳайати намояндагии ширкати De La Rue нахуст иштирокдоронро бо таърихи пайдоиш ва самтҳои фаъолияти ширкат дар бозори истеҳсоли коғазҳои қиматнок шинос намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ширкати британиягии De La Rue Cash Systems — яке аз ширкатҳои пешқадами истеҳсолкунандаи маҳсулоту таҷҳизоти бонкӣ ба ҳисоб рафта, аз замони таъсис ёфтанаш дар соли 1813 то ба имрӯз соҳиби якчанд иҷозатнома барои истеҳсоли таҷҳизоти махсуси ҳисобкунии дақиқ ва нигаҳдории банкнотаҳои фарсудашуда гаштааст.
Сипас, директори Департаменти кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиёи Миёнаи ширкати De La Rue ҷаноби Дамиян Кватковский ба ҳозирин аз имкониятҳо ва пешниҳоди маҳсулоти ширкат маърӯза намуд. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд:
- Аз хизматрасонии ширкати De La Rue бонкҳои марказии 150 кишвари дунё истифода мебаранд. Аз ҷиҳати дизайн маҳсулоти мо гуногун буда, банкнотаҳои ҳар кишвар бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва таърихӣ таҳия карда мешаванд. Илова ба ин, ширкат шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дигар намудҳои ҳуҷҷатҳои дорои унсурҳои баланди ҳимоя, мошинаҳои пулҳисобкунӣ ва тафтиши банкнотаҳоро истеҳсол мекунад.
Дар идома Муовини Раис Л.Салимова оид ба хусусиятҳои пули миллӣ-сомонӣ, сатҳи ҳимоявии он, баланд бардоштани фарҳанги молиявии аҳолӣ, ба роҳ мондани нашри маводҳо оид ба хусусиятҳои таркибӣ ва ҳимоявии пули миллӣ бо мақсади ҳарчӣ зиёдтар фарогир кардани аҳолӣ бо иттилооти молиявӣ баромад карда, барои муаррифии пурмуҳтаво ба намояндагони ширкати De La Rue изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон дар қисмати саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ба пурсишҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ ва маълумоти муфассал гирифтанд.
Қобили қайд аст, ки дар ҳудуди кишварҳои пасошуравӣ аз маҳсулоти ширкати De La Rue ташкилотҳои зиёд истифода бурда, банкнотаҳои миллии ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Литва, Латвия, Туркманистон ва Қирғизистон маҳсулоти ширкати номбурда ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ