Бонки миллии Тоҷикистон
барои сӯҳбати тахассусӣ ва минбаъд пешниҳод намудан ба аъзогии Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон мутахассисонро даъват менамояд:
Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олӣ;
• малакаи кор дар компютер - касбӣ;
• дониши кофӣ оид ба қонунгузории бонкӣ (исломӣ) ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• донишу малакаи корӣ дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом);
• собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ (афзалият дорад);
•бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдан (аз ҷумла хусусиятҳои коррупсионӣ дошта) аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;
• аз тарафи суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум нашуда бошад;
• собиқаи кории байналмилалӣ дар соҳаи бонкдории исломӣ (афзалият дорад);
• таҷрибаи гузаронидани тадқиқоти густурдаи масъалаҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
• таҷрибаи таҳлил ва тасдиқи хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ (арабӣ афзалият дорад).
Бояд донад:
• Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба назорату танзими фаъолияти бонкӣ ва бонкии исломӣ, илми фиқҳ, принсипҳои маблағгузории исломӣ, тартиби анҷоми амалиётҳои маблағгузории исломӣ, тадқиқотҳои муосир дар самти рушди маблағгузории исломӣ.
Барои сӯҳбат ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ.
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Нишонаи почтаи электронӣ: ozmun@nbt.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14 марти с.2017
Ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.