Иҷозатномаи ҶСК «Фононбонк» бозхонд шуд

Бойгонии ахбор
24.02.2017

Иҷозатномаи ҶСК «Фононбонк» бозхонд шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 (№11) дар асоси моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои асоснок фаъолияти ҶСК “Фононбонк” қатъ карда шуд.

Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶСК “Фононбонк”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку