Бонки миллии Тоҷикистон фишанги нави сиёсати пулию қарзиро ҷорӣ менамояд

Бойгонии ахбор
28.02.2017

Бонки миллии Тоҷикистон фишанги нави сиёсати пулию қарзиро ҷорӣ менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиётҳо бо пули миллӣ ва ба танзимдарории бозори байнибонкии қарзӣ, воситаи нави амалиёти монетарӣ – музоядаҳои қарзиро ҷорӣ намудааст.

Механизми қарзии мазкур дар асоси принсипҳои амалиёт дар бозори озод пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлатро тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар назар дошта, он барои дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон тариқи музоядаҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Музоядаҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2017 шурӯъ гардида, мунтазам ҳар ҳафта тибқи нақша бо муҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд. Меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъи ду банди фоизӣ муқаррар карда шудааст. Ба сифати гарави қарз ташкилотҳои қарзӣ метавонанд коғазҳои қиматноки давлатӣ, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ва амонатҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон бударо истифода баранд.

Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тартиб ва шартҳои анҷом додани амалиёти қарзии зикргардидаро Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил”, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас мебошад, ба танзим медарорад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку