Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ узви Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба татбиқи барномаи таълимии “Асосҳои нархгузории дастгоҳҳо, мошину таҷҳизот ва дигар амволи манқули барои таъмини гарав пешниҳодшаванда” шурӯъ намуд.
Дар доираи барномаи зикршуда, 3 – юми марти соли равон, дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency” маросими ҷамъбасти даври аввали тренинги омӯзишӣ барои баҳогузорон/мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии хурд оид ба асосҳои нархгузории дастгоҳҳо, мошину таҷҳизот ва дигар амволи манқули барои таъмини гарав пешниҳодшаванда баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова баромад намуда, изҳор дошт, ки барномаи мазкур барои таъсиси институтҳои тахассусии баҳодиҳӣ мусоидат хоҳад кард. Дар доираи барномаи мазкур ҳамасола 150 нафар баҳодиҳанда бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Изҳор гардид, иштирокдорони барномаи мазкур таҷриба ва маълумоти зимни тренингҳо аз худ намударо, дар оянда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти худ самаранок истифода хоҳанд бурд.
Сипас, Роҳбари лоиҳа оид ба таҳким бахшидани инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Зарина Одинаева баромад намуда, аз саҳми барномаи мазкур барои иқтисодиёти кишвар сухан кард. Дар чорабинии мазкур инчунин Директори маркази баҳодиҳӣ ҷаноби Артеменков И.Л. ва доктори илмҳои технологӣ, профессор Мамаҷонов Х.А ширкат намуданд ва оид ба барномаи таълимии “Асосҳои нархгузории дастгоҳҳо, мошину таҷҳизот ва дигар амволи манқули барои таъмини гарав пешниҳодшаванда” шарҳи мухтасар доданд.
Дар қисмати хотимавии маросими ҷамъбастӣ ба иштирокдорони тренинги омӯзишӣ аз ҷониби Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ сертификати тахассусӣ супорида шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ