Тадбирҳои саривақтии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии афзоиши хавфҳо ва ҳимояи манфиати пасандоздорону қарздеҳон

Бойгонии ахбор
07.03.2017

Тадбирҳои саривақтии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии афзоиши хавфҳо ва ҳимояи манфиати пасандоздорону қарздеҳон

Буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва омилҳои он ба иқтисодиёти кишвар бетаъсир намонда, ба пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, раванди иҷрои уҳдадориҳои ин ташкилотҳо дар назди пасандоздорону қарздеҳон, рафти иҷрои талаботи меъёрҳои муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ асар кард.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани афзоиши хавфҳо ба манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои онҳо тасмими саривақтӣ гирифт ва тибқи қонунгузорӣ иҷозатномаҳои ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” бозхонд карда шуданд. Дар хусуси барҳамдиҳии бонкҳои мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба суд ариза пешниҳод карда шуд. 

Аз ҷониби Суди иқтисодии ш. Душанбе ҳалнома оид ба оғози мурофиаи барҳамдиҳии ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” ва таъини мудири махсус дар онҳо қабул карда шуд.

Мудири махсуси аз ҷониби суд таъиншуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо мақсади қонеъ кардани талаботи амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва ҳамаи молу мулки ин бонкҳо, аз ҷумла баргардонидани қарзҳо ва гаравҳои онҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

Талаботи ҳар як пасандоздорони шахсони воқеӣ то 17 500 сомонӣ бе монеа аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, маблағҳои боқимондаи пасандоздорон аз ҳисоби дороиҳо ва моликияти бонкҳои номбурда пардохт карда мешавад. 

Бояд қайд кард, ки талаботи пасандоздорон бартарият дошта, тибқи қонунгузорӣ қабл аз пардохтҳои андозӣ ва дигар талаботи қарздеҳон қонеъ карда мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки аз лаҳзаи оғози барҳамдиҳии бонкҳо муҳлати пардохти ҳамаи уҳдадориҳои қарзии бонкҳо фарорасида ҳисоб мешавад ва ҳисоб кардани ҳамаи ноустуворона (пеня) ва фоизи уҳдадориҳои қарзии бонкҳои мазкур қатъ мегарданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку