Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занро дар ҷомеа дар мадди аввал гузошта, нисбат ба занон ғамхории ҳамаҷониба зоҳир менамоянд. Ин нукта дар ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 15 марти соли равон бо иштироки мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова дар Бонки миллии Тоҷикистон доир карда шуд, баён гардид.
Ҷаласаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки имрӯз тавассути сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин намудани онҳо баръало намоён аст.
Бо ҳамовозӣ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ, то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, мушовири Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем мебинем, ки ба санаи 1-уми феврали соли 2017 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон 32% ва дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 33% -ро ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии кормандони роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон 35 нафар ё 25%-ро занон ташкил мекунанд, ки саҳми онҳо дар пешбурди кори низоми бонкии мамлакат назаррас аст.
Зимни баромади худ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова оид ба риоя шудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд карда гузашт. Мавсуф зикр намуд, ки дар давраи соли 2016 аз тарафи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳамагӣ шасту панҷ маросими чорабиниҳо гузаронида шудааст, ки бо риояи талаботи қонуни зикршуда доир гардидаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба таври доимӣ амал намуда, ҷиҳати татбиқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни кормандону роҳбарони воҳидҳои сохторӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
“Мақсади қонуни мазкур асосан аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи харҷи зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат мебошад”- изҳор дошт Лола Салимова.
Мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова дар навбати худ иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо тақозои замон ва рушду тараққии ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро дар кишвари мо танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ин Қонун, ки бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 8 июни соли 2007 ба имзо расид, воқеан 10 сол мешавад, ки дар ҳаёти мардуми мо нақши муҳим дорад.
Дар идома мавсуф аз нақши занон дар ҷомеа, аз ҷумла саҳми онҳо дар оила, танзими анаъаву ҷашну маросимҳо қайд карда иброз дошт, ки бузургӣ ва рисолати зан-модар пеш аз ҳама, дар тарбияи фарзандони солеҳу суханвар, худогоҳу хештаншинос ва ватанпарасту оқил ба ҳисоб меравад.
Туфайли сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зани тоҷик дар баробари мардон камари ҷасорату мардонагӣ ба миён баста, барои соҳиб гардидан ба ҷойгоҳи шоистасолорӣ ғайрат менамояд. Ӯ натанҳо модар, инчунин роҳбари кордон, иқтисодчӣ, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ, корманди ҳифзи ҳуқуқ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст ва баҳри таҳкими сулҳу субот ва рушду нумуи кишвар саҳми босазо дорад.
Барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, ҳуқуқӣ ва оиладорӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо барои тайёр намудани занон ва ҷавонон дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳои худро ба он равона менамояд, ки дар оянда низ барои мо ва насли оянда шароитҳои боз ҳам беҳтару хубтар фароҳам оварда, зиндагии шоистаи онҳоро таъмин намояд.
Ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дасту дили пок фаъолият намуда, дар иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ беш аз пеш кӯшиш намоем.
Шуъбаи матбуоти
БМТ