Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳонгҷу Ҳам

Бойгонии ахбор
16.03.2017

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳонгҷу Ҳам

Имрӯз, 16 марти соли равон, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Ҳонгҷу Ҳамро дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

vohuri_ESCAP_1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷаноби Ҳонгҷу Ҳамро барои ташриф ба Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯз хайрамақдам гуфт.

Дар оғози мулоқот муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Ҳонгҷу Ҳам барои ташрифи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Форуми кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди устувор, ки соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, даъват ба амал овард.

vohuri_ESCAP_2.JPG

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо вазъи кунунии иқтисодиёти кишварро баррасӣ намуда, оид ба соҳаи низоми бонкии кишвар, тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самти низоми бонкӣ изҳори назар намуданд. Ҷаноби Ҳонгҷу Ҳам аз таҷрибаи низоми бонкии Муғулистон, ки ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон монанд аст, сухан карда Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла барои иштирок дар семинарҳо ҷиҳати мубодилаи афкор ва андӯхтани таҷрибаи Муғулистон даъвати расмӣ ба амал овард.

vohuri_ESCAP_3.JPG

Боиси тазаккур аст, ки ҳадафи сафари намояндагии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Ҳонгҷу Ҳам муҳокимаи масъалаҳои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар раванди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, татбиқи Рӯзнома барои то соли 2030 оид ба рушди устувор иборат мебошад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку