Омӯзиши стандартҳои бонкдории исломӣ дар БМТ

Бойгонии ахбор
28.03.2017

Омӯзиши стандартҳои бонкдории исломӣ дар БМТ

Имрӯз, 28 марти соли 2017 Ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB) ҷиҳати гузаронидани омӯзиш барои кормандони низоми бонкии мамлакат дар мавзӯи “Татбиқи стандартҳои IFSB оид ба кифоятии сармоя барои ташкилотҳои хизматрасонии молиявии исломӣ” ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овард.

IFSB_280317_1.JPG

Дар маросими кушодашавии семинар, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола аз номи роҳбарияти БМТ меҳмононро хушбошӣ намуда, изҳор дошт, ки иштироку дастгирии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ дар семинарҳои мазкур барои омӯхтани таҷрибаи хизматрасонии молиявии исломӣ ба кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд мусоидат хоҳад кард.

Сипас, ёрдамчии Дабири кулли IFSB хонум Нигва Шейх Илдин Муҳаммад Ҳусейн ба иштирокдорони семинар дар бораи Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Номбурда таъкид кард, ки ба аҳли нишаст зимни машғулияти чандрӯза меъёрҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ омӯзонида шуда, диққати мутахассисони ташкилотҳои молиявӣ баҳри татбиқи назария ба амалия ба ғояҳои асосии хизматрасонии молиявии исломӣ ҷалб карда мешаванд.

IFSB_280317_2.JPG

Тибқи барномаи омӯзишӣ, ки аз 28-ум то 31-уми марти соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, ёрдамчии Дабири кулли IFSB хонум Нигва Шейх Илдин Муҳаммад Ҳусейн ва дигар мутахассисони варзидаи Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB) дар назди иштирокдорони семинар маърузаю суҳбатҳои амалӣ анҷом хоҳанд дод.

Тавре дар маросими ифтитоҳӣ изҳор гардид, семинари мазкур асосан бо мақсади тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба меъёрҳои дахлдор ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи ҳамин меъёрҳо дар ташкилотҳои дахлдор заруранд ва мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба ҳангоми ҷорӣ кардани меъёрҳои дахлдори Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ва принсипҳои асосии он ташкил карда шудааст.

IFSB_280317_3.jpg


Илова ба ин, иштирокдорони семинар имкон пайдо мекунанд, ки оид ба заминаи маблағгузории исломӣ ва амалиётҳои бонкии исломӣ, принсипҳои асосии идоракунии хавфҳо барои ташкилотҳои дорои хизматрасониҳои молиявии исломӣ, принсипҳои асосии низоми идорасозӣ тибқи усулҳои исломӣ ва ғайра маълумотҳои мукаммал ба даст оранд. Бо хотима ёфтани даври омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокдорон, ки кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд намояндагӣ мекунанд, сертификат супорида мешавад.

Барои маълумот, Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB- The Islamic Financial Services Board) — ташкилоти байналмилалӣ буда, бо мақсади таҳия, татбиқ ва назорат дар самти риояи меъёрҳои мақбули ҷаҳонӣ дар соҳаи хизматрасонии исломӣ, бозори сармоя ва суғурта соли 2002 таъсис ёфтааст. Дафтари асосии Шӯрои мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия қарор дорад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку